Посухи мутахассис: Ҳангоми тарҷумаи асар пурсидани розигии муаллиф ҳатмист? Агар ӯ фавтида бошад чӣ бояд кард?

Нафароне, ки аз рӯйи зиннаи бакалавр ихтисоси ҳуқуқшиносиро хатм намудаанд, аз ҷониби марказ ҷонибдорӣ гардида, барои давом додани зинаҳои дигари илмӣ дар ҳамин соҳа қабул мегараданд, – зикр дошт роҳбари Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ

Ба иттилои Изатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, ниҳоди зери роҳбариаш бо чанде аз донишгоҳу дошкадакаҳои олии кишвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки дар ин доира фарогирӣ ва таълими гурӯҳои магистратура ва докторантураро аз рӯйи ихтисоси соҳаҳои ҳуқуқ ба роҳ монда, дар ин самт олимони ҷавону донишмандро тарбия мсозеанд.

“Барои ба роҳ мондани пешбурди фаъолият дар зиннаҳои магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос корҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ идома дорад. Мо нақша дорем, ки барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ зиннаҳои магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисосро дар ҳамбастагӣ бо ДМТ ба роҳ монем ва як гурӯҳи мақсаднок дар доираи 25 нафар, аз ҷумла 10 нафар докторҳо аз рӯйи ихтисос ташкил намуда, мутахасисонро дар ин соҳа тайёр намоем”, – зикр дошт Иззатулло Саидзода.

Дар ҷараёни нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО ба роҳбарият ва масъулини Марказ саволҳо пешниҳод шуданд. Ба саволи мухбири шабакаи “Садои Душанбе” дар мавриди оне, ки як нафар вақте асареро аз як забони дигар тарҷума мекунанд, ҳуқуқи муаллифӣ ба ин асарро соҳиб мешавад ё не?, Муҳамадҷон Соҳибзода, муовини аввали директор маркази посух дод, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” дар кишвар аз соли 1998 амал мекунад ва Маркази миллии қонунгузорӣ ҷиҳати шарҳи қонун, татбиқи он ва масъалаҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи муаллифӣ вобастагӣ доранд, талош дорад. “Бояд гуфт, ки зимни тарҷумаи асар бояд ҳатман розигии муаллиф гирифта шавад. Нафаре, ки асарро ба забони дигар тарҷума мекунад, ҳуқуқи муаллифӣ нисбат ба тарҷума пайдо мекунад”.

Саволи дигаре, ки дар заминаи посухи боло пешнҳод шуд, сари он баҳс мекард, ки вақте муаллифи асар дар қайди ҳаёт набошад, пас чӣ кор бояд кард? Муҳамадҷон Соибзода гуфт, тибқи қонунгузории кишвари мо ҳангоми вафоти муаллиф то 50 сол он асар аз ҷониби ворисон ҳифз карда мешавад. “Баъди 50 сол он асар ба сарвати ҷамъиятӣ табдил меёбад, вале то 50 сол бояд ҳатман розигии ворисон гирифта шавад”.

Ба иттилои масъулин, соли 2020 Маркази миллии қонунгузорӣ беш аз 151 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, барои амалии қонунҳои навбатӣ замина гузошт. Инчунин, Марказ бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судманд дорад, ки баҳри тақвияту густариши чунин ҳамкориҳо пайваста робитаҳои мутақобила дорад. “Маркази миллии қонунгузорӣ дар самтҳои дигари муқарар намудаи қонунгузорӣ низ фаъолияти самарабахш дошта, пайваста баҳри пешбурди фаъолияти ҳуқукэҷодкунӣ ва рушди қонунгузории кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст”, – гуфт Саидзода Иззатулло.

Инчунин, зикр карда шуд, ки 17 ноябри соли 2020 сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» – и Марказ (дар суроғаи www.qonunguzori.tj) фаъол гардид, ки дар он шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба чопи мақола ҷойгир карда шуданад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

« Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE