БДА “Амонатбонк”: сармояи бонк соли 2020 ба андозаи 6, 8 дарсад афзоиш ёфт
Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” то охири соли 2020 дороиҳои худро ба 4, 9 млрд. сомонӣ баробар намудааст. Дар ин хусус имрӯз раиси бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ иброздошт.
Ба изҳори масъулини бонк давоми соли сипаригардида уҳдадориҳои “Амонатбонк” 4, 5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 20, 9 дар сад зиёд мебошад. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки сармояи бонк дар ин давра ба андозаи 6, 8 дар сад афзоиш ёфта, ба 458 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Тибқи иттилои раиси раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” даромад давоми соли 2020 51,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2019 тақрибан 22 дар сад зиёд мебошад.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
“Садои Душанбе”