Ифтитоҳи озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат”

Дар маросими ифтитоҳи озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баромад намуда, ба ширкатдорон комёбӣ ва муваффақият таманно намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади тақвият додани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин самт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои амалӣ анҷом меёбанд.

Озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» низ дар ин замина ташкил ёфтааст. Ҷойи таъкид аст, ки мақсади баргузории озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» — арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок менамоянд. Мавриди тазаккур аст, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста ба китобҳои Президенти мамлакат рӯ меоранд, зеро асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур дар ноҳияҳои пойтахт гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд ва дар он 47 нафар иштирок намуда, донишу малакаи худро ба ҳакамон пешкаш мекунанд. Аз оғози даври шаҳрии озмун аён гардид, ки ҳар як иштирокчӣ бо тайёрии хеле хуб ва боварии комил ба ғолибият дар озмун ҳозир шудааст.

Ҳаминтавр ба донишу маҳорати ҳамаи довталабон аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE