Баргузории Озмуни “Кадбонуи бехтарин”
Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 37-и “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, “Ҷадвали баргузории фестивалу намоиш ва иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2025”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2025, №78 ба тасвиб расидааст, даври шаҳрии Озмуни “Кадбонуи бехтарин”-ро дар тарабхонаи «Дидор» байни бонувону ҷавондухтарони ноҳияҳои пойтахт баргузор намуд. Ғолибони озмун ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор карда шуд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе