Душанбе: «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021» баргузор мешавад

25-26 сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо иштироки ситораҳои Шарқ: Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)»  бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.

Дар фестивал баҳри фароғату истироҳати иштирокчиён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонида мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE