Нишасти матбуотӣ: Бо 75 ҳазору 292 истифодабарандагони об шартномаи тарафайн ба имзо расидааст
Дар давраи ҳисоботӣ идораҳои давлатии Агентии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 75 ҳазору 292 истифодабарандагони об дар майдони 524 ҳазору 410 гектар замин шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо мувофиқи дархост дар ҳаҷми 3 млрду 724,7 млн метри мукааб бо арзиши 179, 2 млн сомонӣ хизмати обрасонӣ намудаанд. Ин нуктаро имрӯз масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар ниҳоди мазкур баргузор гардид, иброз намуданд.
Нориниссо Абдуллоева
Садои Душанбе