CASA-1000 калонтарин лоиҳа дар минтақа дар назар аст, ки соли 2027 пурра мавриди амал қарор гирад
Корҳо дар доираи “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA – 1000” идома дорад. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аз ҷониби вазири ниҳоди мазкур Далер Ҷумъа баён гардид.
Гуфта шуд, CASA-1000 калонтарин лоиҳа дар минтақа маҳсуб меёбад, ки чаҳор кишварро дар бар мегирад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расидааст.
Дар қисмати Ҷумҳурии Исломии Покистон корҳои сохтмонӣ босуръат пеш меравад. Вазири энергетикаи кишвар иброз дошт, ки мутаассифона чанд соли ахир бо сабаби қатъ гардидани маблағгузории шарикони рушд дар қисмати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон корҳои сохтмонӣ манъ гардида буд. Маҳз бо талошҳои Президенти кишварамон ва гуфтугӯҳо бо масъулини Бонки умумиҷаҳонӣ корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур дар қисмати Афғонистон аз нав ба роҳ монда шудааст.Интизор меравад, лоиҳаи мазкур соли 2027 пурра мавриди амал қарор гирад.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе