Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар умум 1404 мактуби расмӣ ворид гардидааст
Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомотҳои болоӣ дар умум 1404 мактуби расмӣ, аз он ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад, Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 адад, Вазорати маориф ва илми ҶТ 613 адад ва аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 705 адад ворид шудаааст.
Аз ҷониби омӯзгорону кормандон 2177 адад ариза, дархост, пешниҳод ва гузоришҳо, аз ҷониби донишҷӯён бошад 1112 адад аризаҳо ҷиҳати баррасӣ ба қайд гирифта, пурра ҳалли худро ёфтанд. Дар ин бора Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода ба журналистон иттилоъ дод. Ҳамчунин зикр намуд ,ки дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар соли ҳисоботӣ 24 шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаю муассисаҳо ва шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, донишгоҳ аз давраи нишасти матбуотии гузашта то имрӯз дар самтҳои асосии фаъолияташ ба дастовардҳои муайян соҳиб гардидааст ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе