Ҷамъбасти як соли фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ матраҳ гардид

Дар соли 2024 бо мақсади такмили савияи дониш, малакаи касбӣ, омӯзиши дастоварди мамлакатҳои пешрафта, кормандони Кумита ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея ва Ҷопон сафар намуда, бо корҳои дар самти рушди маҳал ичро гардида, арзёбӣ ва тадвини барномаи миёнамӯҳлати рушд ва дигар масъалаҳои ба соҳаи фаъолият дахлдор шинос гардида, таҷрибаи омӯхтаро дар фаъолияти минбаъда мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Аз ҷониби кумита дастурамал оид ба эътино намудани фаъолияти кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фаъолони худфаъолияти ҷамъиятӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ ва маҷмуи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила таҳия ва нашр шуда, дастраси кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти маҳаллӣ ва фаъолон гардидааст.

Зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 428 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз он 63 ҷамоати шаҳрак ва 365 ҷамоатҳои деҳот ба қайд гирифта шуда, аз 428 раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 407 нафарашон дорои маълумоти олӣ буда, то сини 35 сола 52 нафар ва то сини 63 сола 357 нафар кору фаъолият доранд.Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 5931 кумитаи маҳалла ба қайд гирифта шудааст, ки бо оиннома ва муҳр таъмин гардидаанд.

Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE