Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Прокурори
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Раҳмон Ю.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№951

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори
генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Воҳидзода Ҳ.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№952

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Воҳидзода Ҳ.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№953

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори
ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Ф.Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№954

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Қосимзода Х.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосимзода Хайриддин Шарифҷон муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№955

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳмон Ю.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№956

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
таъин намудани Каримӣ А.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 феврали соли 2025
№957

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE