Суди Олии Иқтисодӣ: Соли 2020 бо санадҳои судӣ 3 027 049,77 маблағ ба буҷаи давлат ворид карда шуд
Соли 2020 ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3499 адад аризаҳои даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардида, оз он 539 адад бинобар риоя нагардидани талаботи меъёри мурофиавӣ беҳаракат монда шуда, қабули 20 ариза рад ва 627 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳури Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда зикр кард.
Ба иттилои Қаландарзода, нисбат ба 1805 парванда ҳалнома қабул гардид. Аз ин шумора, идомаи 131 парванда қатъ карда шуд, 132 ариза бе баррасӣ монданд ва 1 адади дигар аз рӯйи тобеият ба мақомоти дигари судӣ ирсол карда шуд. Инчунин, дар суди марҳилаи назоратӣ 300 адад парванда баррасӣ карда шудааст.
Дар идомаи нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки соли 2020 бо санадҳои судӣ 3 027 049,77 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Мавсуф доир ба баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ сухан карда, изҳор дошт, ки барои мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулияти амалӣ доир ба мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳ баргузор мегардад.
Ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ, риояи сифату муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб карда мешавад.
Шоҳин САИДОВ,
Радиои Тоҷикистон