Носир Саид: барои ҳамкорӣ бо журналистон баҳри таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои фароғатӣ омодаем

Агар яке аз омилҳои асосии аз даст рафтани бинандаи телевизионҳои давлатӣ ба ҷиҳати мазмуну муҳтаво поин рафтани сатҳу сифати барномаҳои онҳо бошад, сабаби дигари он камҳамкории ин ниҳод бо рӯзноманигорони касбӣ будааст. Дар нишасти матбуотие, ки дар имрӯз дар Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” доир шуд, ин ва чанд масъалаи мубрами дигар аз сӯйи рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Санаи 3 – юми сентябри соли 2020 аз таъсису фаъолияти Муассисаи давлатии Телевизиони “Сафина” 15 сол пур шуд. Ҳамкнун, ин ниҳоди идеологии давлатӣ дар остонаи 16 – умин соли кории хеш дар уқёнуси эҷод шино дорад. Имрӯз дар ин муассиса нишастӣ хабарӣ бо ширкати роҳбарияти он ва ҳузури рӯзноманигорону хабарнигорон баргузор шуд. Аснои муколама қайд карда шуд, ки дар семоҳаи охири соли 2020 аз эфири ТВ “Сафина” барномаҳои “Фазо”, “Замзамаи ободӣ”. “Дарси дутор”, “Ганҷи бебаҳо”, “Солим бимонед”, “Тавзеҳ”, “Мегӯянд, ки …”, “Дафтари роз”, “Хушнамо”, “Ҳушманд”, “Хотираҳо”, “Минбари андеша” ва монанди инҳо пахш гардианд. Вале дар ҳар сурат аз сӯйи рӯзноманигорону корбарони сомонаҳои дигари бисёррасонаӣ сатҳу сифати фаъолияти феълии “Сафина” ва барномаҳои он манфӣ баҳогузорӣ шуда, чанд қадар аз табъу завқи бинанда дур афтода, имрӯз ками андар кам бинанда дорад.

Ҳамчунин, роҷеъ ба гузоришҳои таҳлилӣ – танқидии идораи “Навид” – и ин шабакаи телевизионӣ чанд ҳарфу каломе баён карда шуда, қайд гардид, ки агар дар чанд муддати охир наздик ба 30 гузориши таҳлилӣ бо фарогирии инъикоси мавзӯъҳои мухталиф таҳия гардида бошад, дар 11 ҳолат вокунишҳо сурат гирифтаанд.

Зикр рафт, ки ҳар ҳафта дар барномаи иттилоотии “Навид” як гузориши таҳлилӣ аз атрофу акнофи ҷумҳурӣ пахш мегардад. Дар ин асно, роҷеъ ба такмили ихтисос, табодули таҷриба ва низ сайқали ҳунару маҳорати рӯзноманигорон дар доираи сафарбаркунии эшон ба кишварҳои хориҷ гуфта шуд, ки ин таҷриба дар телевизионҳои давлатии мо ниҳоят бо шумули кам будааст.

Дар интиҳо перомуни барномаи тозатаъсиси “Фазо” ибрози афкор карда шуд. Дар интиҳои нишаст, роҳбарияти ТВ “Сафина” иброз доштанд, ки барои ҳамкорӣ бо журналистон баҳри таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва барномаҳои фароғатӣ омодаи дастгирӣ ҳастанд.

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE