Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов нишасти матбуотӣ доир гардид. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 дар донишкада 420 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони техникӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 382 нафар кормандони асосӣ ва 38 нафар ҳамкорони беруна мебошанд. Аз шумораи умумии кормандон 154 нафарро занон яъне 38% ва 266 нафарро мардон 62% ташкил дода 5 нафари занон дар мақоми роҳбарӣ фаъолият менамоянд ва аз ин 75 нафарро (31.5%) ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандон 289 нафарро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода 4 нафар, докторони илм ва 19 нафар номзадони илм мебошанд.Ин нукта имрӯз зикр гардид, дар нишасти донишкадаи мазкур.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE