Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» миёни 27-кишвари олам медали тилло ба даст овард

Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31 июл то 7 август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир ҷараён дорад, аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» қаҳрамон, соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид. 

Дар маҷмӯъ 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи иштирок намуданд.

Ба иттилоӣ директори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода, хонандагони мактабҳои вилояти Суғд, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Бӯстон дар бахшҳои гуногун дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд.

ДАР АКС: Хонандаи «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева

Ҳамчунин омӯзгори фанни англисии «Литсейи давлатии №1»-и ноҳияи Восеъ Ҷамолиддин Фаттоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки хонандаи синфи 8-и литсейи мазкур Омина Худойқулова дар олимпиада мазкур соҳиби ҷои якум ва медали тилло гардид.

Ҳамин тариқ намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.

Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат гиранд.


Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ дар Тоҷикистон бештар шуда, Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастурҳои мушаххас меандешад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE