СИРОЯТИ 729 САР ЧОРВО БА БЕМОРИИ БРУТСЕЛЁЗ

Соли 2020 бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво беш аз 18 миллиону 648 ҳазору 484 сар ҳайвону паррандаҳо чорабинии пешгирӣ ва табобати гузаронида шудааст. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Файзуллозода иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии кишвар дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 661 ҳазору 781 сар чорвои калон ва хурди шохдор санҷиши брутселёз гузаронида шуда, аз шумораи санҷидашуда 729 сар чорвои мубталои беморӣ муайян карда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи ҳайвонҳои бемор забҳ карда шудаанд.

Саъдӣ ҒОИБОВ,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE