ШОДӢ САФАРОВ: СОЛИ 2021 МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН БАРГУЗОР МЕКУНЕМ

Имрӯз дар бинои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин  Раҳимов нишасти матбуотии ин муассисаи олии таълимӣ бо натиҷагирии соли 2020 баргузор гардид.  Тибқи иттилои масъулин, Донишкада дар ҳамкорӣ бо сохторҳои варзишии кишвар нақша дорад, ки ба хотири рушди намудҳои варзиши миллӣ Федератсияи намудҳои варзиши миллиро таъсис диҳад.

Соли 2020 дар баробари дигар соҳаҳо таъсири КОВИД-19 ба самти варзиш бештар ба назар мерасид. Ҳамин буд, ки чанде аз мусобиқаҳои роҳандозинамудаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин  Раҳимов ба мавқуф гузошта шуду варзишгарон, имкони ба даст овардани ҷоизаҳоро надоштанд. Иброз дошт Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Шодӣ Сафаров. Ба таъкиди номбурда соли 2021 ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти кишвар моро дар пеш аст ва дар ин баробар Донишкада 50-сола мешавад. Ба ин муносибат азм доранд то мусобиқаи байналмилалиро аз намуди самбо миёни донишҷӯён баргузор намоянд.

Шодӣ Сафаров дар идома қайд намуд, ки ба хотири сазовар ҷашн гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлоли мамлакат дар Донишкада толори бузурги варзиши дари худро ба рӯйи донишҷӯён боз хоҳад карда, ки дар беҳбуд бахшидани фаъолияти варзишии варзишгарон ва замина гузоштан дар рушди намудҳо варзиш миёни донишҷӯён нақши муассир хоҳад дошт. Чунончи дар идома  ректори Донишкада иброз дошт, ба хотири таъмини шароити хуби таҳсил ба донишҷӯён соли 2020 Донишкада соҳиби се синфхонаи дигари компютерӣ гардид, ки  ҳамакнун дар азхудкунии технологияи муосир ва рушди фанҳои муосир заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Дар нишаст зикр гардид, ки ҳамкориҳои байналмилии Донишкада бо дигар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар ба роҳ монда шудаасту дар ин замина бо густариши он дар рушди намудҳои варзиш дар кишвар заминагузор хохад буд. Дар фарҷом чанд аз ҷониби иштирокчиён ба хотири ҷалби варзишгарони манотиқи дурдасти кишвар ба федератсияву мунтахабҳои кишвар ба масъулин тависяҳои судманд пешниҳод гардид.

Султонов Шодонҷон

САДОИ ДУШАНБЕ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE