Олмон мехоҳад маҳдудиятҳои карантиниро то 14 март тамдид кунад

Дар Олмон татбиқи чораҳои маҳдудкунӣ дар робита ба коронавирус метавонад то 14 март тамдид карда шаванд, менависад хабаргузории “Новости” дар такя ба мулоқоти сарвазири Олмон Ангела Меркел бо сарони минтақа рӯзи чоршанбе.

Қабл аз ин, расонаҳо иддао мекарданд, ки Меркел нақша дорад маҳдудиятро дар Олмон то 1 март тамдид кунад, вале муовини сарвазири Олмон Олаф Шолз ва шаҳрдори Берлин Майкл Мюллер дар ин мулоқот гуфтанд, нақша доранд, ки танҳо баъзе маконҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳоро рӯзи 1 март боз кунанд. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки роҳбарияти Олмон тасмим дорад рӯзҳои наздик ба фаъолияти кӯдакистону мактабҳо низ иҷозат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки чораҳои маҳдудкунанда дар Олмон аз 2 ноябри соли 2020 оғоз ёфта, қаблан мақомоти ин кишвар чораҳои шадиди маҳдудкуниро бо сабаби паҳншавии коронавирус то 14 феврал тамдид карда буданд.

“Ҳоло қариб ҳамаи муассисаҳо барои шаҳрвандон дастнорасанд, ба истиснои мағозаҳои хӯрокворӣ, мағозаҳои хурди фурӯши сахтафзор, дорухонаҳо, оптикаҳо, бонкҳо, дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ, почтаҳо, мағозаҳои фурӯши ҳайвоноти хонагӣ ва муассисаҳои тиббӣ. Донишҷӯён ба таҳсилоти фосилавӣ фиристода шуданд ва қарор дар бораи ба кор оғоз кардани кӯдакистонҳо ба зиммаи роҳбарони вилояту ноҳияҳо гузошта шудааст. Суҳбату меҳмонӣ рафтани аъзои як хонавода бо як нафари дигар ё хонаводаи алоҳида иҷозат дода мешавад. Дар мошину марказҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби тиббӣ гаштан мумкин нест”, – гуфт сарвазири Олмон.

Гузашта аз ин, дар ин мулоқот супориш дода шуд, ки дар ҳудуди минтақаҳои дорои динамикаи баланди беморӣ ба мардум тавсия дода шавад, ки хонаҳои худро бе сабабҳои узрнок тарк накунанд. Ашхосе, ки аз кишварҳои аз ҷиҳати паҳншавии пандемия хатарнок ба ҳудуди Олмон ворид мешаванд, доранд, пас аз расидан ба кишвар бояд аз озмоиши COVID-19 гузаранд ва ба карантин фаро гирифта шаванд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE