Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён аз олам даргузашт

Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз ТАСС бо истинод ба агентии иттилоотии Аморот «WAM» хабар дод.

«Вазорати корҳои президентӣ ба мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои арабӣ ва исломӣ, инчунин ба тамоми ҷаҳон даргузашти пешвои миллат, Президенти давлат, Аълоҳазрат шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳёнро эълон мекунад, ки имрӯз, рӯзи ҷумъа, 13 май аз олам даргузашт», — омадааст дар иттилоия.

Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардид, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE