Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон
12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом – Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.
Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.
Зимни ин сафар маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.