Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
11 март вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко доир шуд. Зимни он ҷонибҳо доир ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он Протоколи ниҳоии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Ёддошти тафоҳум дар бораи такмили низоми идентификатсия, бақайдгирӣ ва мониторинги ҳайвонот байни Муассисаи давлатии «Маркази системаҳои иттилоотӣ дар соҳаи чорводорӣ»-и Ҷумҳурии Беларус ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон