ДМТ: Эълони озмуни беҳтарин мақола дар васфи Наврӯз
Ба ифтихори 12-умин солгарди ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз»-ро барои омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва журналистони касбӣ эълон менамояд.
Ҳар муаллиф метавонад ба озмун як мақола пешниҳод намояд, ки он мавзӯъҳои нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯзи байналмилалӣ, Наврӯз — қадимтарин ҷашни мардуми тоҷик, расму оин ва анъанаҳои инсонпарваронаи Наврӯзро дар бар гиранд.
Дар озмуни мазкур барои ишғоли ҷойи аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ муқаррар гардидааст. Мақолаҳо бояд аз 25 феврал то 11 марти соли 2022 ба суроғаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ирсол гарданд.