Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд

 Дар шаҳри Осакаи Ҷопон 13 апрели соли равон Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 ба кор оғоз менамояд, ки дар он 161 давлати  ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» доир шуда, Тоҷикистон мавзуъҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон фаъолият дорад.

Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 баргузор мегардад ва онро беш аз 28 миллион нафар тамошо менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE