Ба истифода додани Корхонаи дӯзандагии ҶДММ Гардӣ дар шаҳри Душанбе
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, бо маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст. Либосҳои зебову шинами коргоҳ аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон духта мешавад. Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳоло шумораи коргарон дар фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил дода, бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар расонида мешавад.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Корхонаи дӯзандагии Гардӣ дар як шабонарӯз имкон дорад то 13 ҳазор сару либоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як сол аз 1,5 то 2 млн. дона либос омода намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 45 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулот имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои кишвар бошад ва ҳамчунин ба содирот равона гардад.
Корхонаи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи нассоҷии кишвар ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Мухтошов бунёд гардидааст.
Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад.
Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 230 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васл гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии Гардӣ шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.
Ин коргоҳ имконият фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии кишвар рушд ёбад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ шавад.
Корхонаи дӯзандагии Гардӣ ҳамзамон дорои толори намоишӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, ошхона бо 280 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Масъулини коргоҳи дӯзандагии навтаъсисро ҳидоят бар он карданд, ки ба сифати маҳсулоти хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд, то ки он харидорони худро пайдо намояд.