Бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад
19 апрел, соати 13:00 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросим озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт инчунин аз 17 то 19 апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, бо шаҳрҳоии Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 19 апрел рост меояд.
Акс аз манбаъҳои боз