РАВАНДИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо ҷалби техникаи соҳавӣ ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ дар заминҳои кишоварзии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе,  воқеъ дар маҳаллаи Муғулон аз ҷониби масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳия-сарпарасти соҳа раванди кишти пахтаи хушсифат ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ медиҳад.

Масъулин азм бар он доранд, ки минбаъд бо истифода аз таҷрибаи муваффақи илмиву амалии мутахассисони варзида дар майдонҳои кишт ҳосилнокии ин зироати стратегиро зиёд намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо нахи пахтаи ватанӣ саҳмгузор бошанд.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE