Бахшида ба 80-солагии Иди ғалаба
Бахшида ба 80-солагии иди ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва оғози мавсими истироҳатию табобатӣ дар осоишгоҳи Харангони ноҳияи Варзоб, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Зимни он масъулин бо ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои ҷавонмардони миллати тоҷик дар сангарҳои ин ҷанг, корнамоиҳои онҳоро барои насли имрӯзаву ояндаи мамлакат мактаби мардонагию шуҷоатмандӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҷамъомади идона, ки ба ифтихори ҷашни 80 солагии ғалаба ва оғози мавсими истироҳат дар истироҳатгоҳи Харангон, ки аслан он ҳамасола собиқадорони ҷангу меҳнатро ба фароғат фаро мегирад, намояндагон аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар меҳмонону собиқадорони ҷангу меҳнат ширкат намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Сироҷиддин Ҳусензода -муовини раиси ноҳияи Варзоб бо ёдоварӣ аз таърихи корнамоиҳои тоҷикписарон дар ин ҷанг гуфт, ки дар он солҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор фарзадони миллат сафрбар гардида, 54 нафарашон ба унвони қаҳрамони иттиҳоди шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Маҳтоб Қосимзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб зимни баромадаш изҳор дошт, ки ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ноҳияи Варзоб то имрӯз як нафар иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иқомат менамояд, ки пайваста аз ҷониби ин ташкилоти ибтидоии ҳизб аз аҳволи ӯ ва дигар собиқадорон бохабар гардида, кумакҳои тиббии иҷтимоӣ расонида мешавад.
Дар ҳамин ҳол Набиҷон Ҷӯраев сардори Раёсати ташкили хизматрасонии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҳамоишро дар арҷгузорӣ ва гиромидошти собиқадорони ҷангу меҳнат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 май сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 80- солагии иди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро таҷлил менамоянд.
Бояд гуфт, ки саҳми ҷавонмардони миллати тоҷик дар таъмини ин ғалаба ниҳоят бузург буда, насли наврас аз ин дафтари корнамоиҳо бо ифтихор ёд меорад. Дар анҷоми ҳамоиши идона барномаи консертӣ пешниҳоди собиқадорон гардонида шуд, ки хеле таъсирбахш буд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе