ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ФЕСТИВАЛИ МӮД-2025 БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» Фестивали мӯд-2025 баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Шарифзода Манучеҳр, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик буда, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллат маҳсуб меёбад.
“Мояи ифтихор аст, ки яке аз либосҳои миллии тоҷиконаи мо-гулдӯзии чакан ба номинатсияи мероси фарҳангии созмони ЮНЕСКО ворид гардид. Чакан ва чакандӯзӣ ҳунари мардуми тоҷик буда, дар он фалсафаи либос ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешавад. Дар пироҳанҳои чакан нақши нигори миллӣ, аз ҷумла офтобу косагул бештар гулдӯзӣ мешавад, ки он аз таърихи кӯҳан доштани чакани тоҷикон шаҳодат медиҳад”, – гуфт муовини вазири фарҳанг.
Зикр гардид, ки фестивали мазкур бо мақсади рушди бозори касбу ҳунар, санъат, нигоҳдории анъанаҳои миллӣ ҳамасола бо ташаббуси кафедраи тарҳрезии бадеии либос дар муассиса доир гардида, дар он кормандону донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона иштирок менамоянд. Аз намоишҳои ҳарсола маълум мегардад, ки донишҷӯён дар тарҳи либосҳои офаридаи хеш аз матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода менамоянд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта мешавад.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён коллексияҳои беҳтарини либосҳои занона ва мардонаи муаллифиву гуруҳӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки дар ҳар яки он унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса дарҷ гардида буданд. Инчунин, дар намунаҳои либосҳои офаридаи донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шуданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.
Баъди намоиши коллексияи либосҳо Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, суханронӣ намуда, зикр кард, ки фестивал-намоиши мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит мусоид барои таблиғ ва татбиқи нерӯи эҷодии ҷавонон дар самти санъати тасвирӣ ва дизайн ҳамасола дар муассиса гузаронида шуда, имтиҳонест, ки дар он тайи як соли охир донишҷӯёни ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, яъне мутахассисони ояндаи соҳаи дизайн ва мӯд маҳсули эҷодии худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами зебоӣ ва эҷод пешкаш мекунанд, зеро ин воситаест барои тарғиби зебоӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зебоипарастӣ, худогоҳӣ ва дӯстдории анъанаҳои миллӣ.
Дар фарҷом иштирокчиёни фестивал аз ҷониби Раёсати Донишкада барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди беҳтарин коллексияҳои эҷоднамудаашон бо диплом, ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.