Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа чорабинии идона доир гардид
Имрӯз дар IT Park Dushanbe бо ибтикори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар кори он Директори Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода, намояндагони корхонаву ташкилот, ширкатҳои алоқаи ватанӣ, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин доир ба саҳми назарраси соҳаи алоқа ва телевизиону радио ибрози назар намуда, аз ташаккулу бурдбориҳои ин соҳа ибрози назар карда, онҳоро ба рӯзи касбиашон табрику шодбош намуд. Дар баробари ин кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд- Smart City”-ии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба ифтихори рӯзи таъсисёбиашон муборак бод гуфт.
Дар замони муосир, ки технологияҳои рақамӣ рушд кардаанд, кормандони соҳаи алоқа дар таҳия ва амалисозии стратегияву барномаҳои муосир ки ҳадафи асосиашон расидан ба рақамикунонии соҳа мебошад тамоми талошу заҳматҳо роҳандозӣ гардидаистодааст. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни баромади хеш иброз дошт, ки имрӯз нақши алоқа бо маҷмуи самтҳои хеш ба муҳимтарин ҷузъи ҳаёти башарӣ табдил ёфта, дунёи муосирро бе воситаҳои алоқа ва иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар идомаи ҳамоиш зикр гардид, ки телевизион, радио ва соҳаи алоқа дар ҷомеаи муосир нақши муҳим ва бисёрҷанба доранд. Онҳо на танҳо воситаҳои пахши иттилоот ва фароғат мебошанд, балки ҳамчунин дар ташаккули афкори умум, рушди фарҳангӣ, иқтисодӣ, бо муҳим гардидани нақши навовариҳои муосир дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти башарӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ, намояндагони ВАО, кормандон ва собиқадорони соҳаҳои алоқа бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи “Устоди алоқа” қадрдонӣ гардиданд. Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Султонализода Ёқубҷон
Акс: Радиои Садои Душанбе