Дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор мегардад

Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар машваратҳои Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE