ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА НОСИР ОЗОД БАХШИДА БА РЎЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА
Ҳамкасбони муҳтарам, кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа!
Бо камоли эҳтиром ва меҳру самимият, шуморо ба муносибати Рўзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2094, 7 май ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатии комил ва комёбиҳои навро орзу менамоям.
Бори нахуст таҷлил гардидани ин санаи муҳим, шаҳодати эҳтироми баланд ба нақши созандаи кормандони соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаҳои мазкур дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ва беназир ноил гардидааст.
Бо шарофати сиёсати дурбинона ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва тавсеаи инфрасохтори техникӣ, беҳтарсозии муҳтаво ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳову лоиҳаҳо барномаҳои давлативу стратегияҳои муҳимро амалӣ намуд. Аз ҷумла, қабули «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» шароити мусоид фароҳам овард, ки дар он татбиқи таҷҳизоти муосири рақамӣ, навсозии студияҳо, марказҳои пахши барномаҳо ва афзоиши шабакаҳои пахши рақамӣ дар саросари мамлакат ба назар гирифта шуд.
Дар заминаи ин барномаҳо ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар як қатор шабакаҳои нав таъсис дода шуд, ки имрўз барномаҳои баландмазмунро дар самтҳои гуногун омода ва пахш менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки имрўз дар Тоҷикистон беш аз 104 шабакаи телевизионӣ ва радиои давлативу хусусӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, 15 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 39 телевизиони хусусӣ, 24 радиои хусусӣ ва 16 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ саҳми худро дар ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии миллӣ мегузоранд.
Ин раванд, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созанда ва дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таъмини озодии сухан, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва вусъати шабакаҳои пахши рақамӣ заминаи воқеӣ гузоштаанд.
Баробари рушди инфрасохтор ва замонавигардонии техникаву технология, шумо — кормандони соҳаи телевизион ва радио дар самти таҳия ва пахши барномаҳои илмиву фарҳангӣ, иттилоотию тарбиявӣ ва таҳкими худшиносиву ватандўстӣ саҳми беназир мегузоред. Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии таҳияшуда имрўз барои боло бурдани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хизмат менамоянд.
Ҳамзамон, бо иқдоми Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат, шароити кории кормандони соҳа пайваста беҳтар карда мешавад. Имрўз студияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири садову тасвир, марказҳои пахши рақамӣ ва системаҳои идораи муҳтавои рақамӣ ба истифода дода шудаанд. Ин ҳама имконият фароҳам овардааст, ки кормандони соҳа фаъолияти худро дар муҳити беҳтарин ва бо технологияҳои пешрафта ба роҳ монанд.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини боз ҳам беҳтари сифати барномаҳо ва вусъати фазои иттилоотии миллӣ, зарур аст, ки дар оянда таваҷҷуҳи бештар ба таҳияи барномаҳои таъсиргузор, ҷалби мутахассисони ҷавон ва ташкили марказҳои таълимии замонавӣ барои такмили ихтисоси кормандони соҳа равона карда шавад.
Итминон дорам, ки кормандони арҷманди соҳаҳои телевизион, радио ва алоқа минбаъд низ бо масъулияти бузург, ҳисси баланди ватандўстӣ ва садоқат ба Пешвои миллат ва давлату миллат дар иҷрои вазифаҳои худ саҳми шоиста мегузоранд.
Бори дигар, бо камоли эҳтиром шуморо ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, бароятон саодати рўзгор, саломатии бардавом, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои беназирро орзу менамоям.
Рўзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа
муборак!