12 май — Рӯзи Шашмақом. Ба ин санъати бузург дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад

12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом- баландтарин арши санъати мусиқии  классики тоҷик таҷлил карда мешавад. Таърихи ин жанри мусиқии миллӣ зиёда аз даҳ асрро дар бар гирифтааст. Дар замонҳои қадим Шашмақомро танҳо барои шахсони сарватманд иҷро мекарданд ва ин намуди санъатро «фалсафаи оҳангдор» меномиданд. Мусиқии Шашмақом ба ҳалли хирадмандонаи масоили душвор мусоидат мекард.

Нақши санъати классикии Шашмақом ва Фалак бениҳоят бузург аст. Шашмақом аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳасари мероси фарҳангӣ эътироф гардидааст.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Рӯзи шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ ба шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар Тоҷикистон бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани Рӯзи Шашмақом дар сатҳи давлатӣ ҷорӣ карда шуд. Маҳз дар ҳамон давра мутахассисон оид ба эҳтимоли аз байн рафтани ин навъи санъати қадимӣ изҳори ташвиш карда буданд. Имрӯз вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, акнун санъати қадимии миллатро ояндаи нек интизор аст.

Шашмақом  услуби мураккаб аст. Дар ин навъи санъат ларзиши садопардаҳо ва вазни мураттаб муҳим мебошад. Таҳти навои ин мусиқӣ ҳаракатҳои рақсии муназзам иҷро карда мешаванд. Номи Шашмақом аз 6 мақом гирифта шудааст, вале чандин асрҳо пеш аз ин он аз 12 мақом иборат буду тадриҷан ба 6 мақом оварда шуд. Матнҳои Шашмақом аз ғазалҳои классикони адабиёти ҷаҳонгири Шарқ иборат мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE