ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ «ШОМИ ҶАВОНӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони Шоми ҷавонӣ” доир шуд.
Дар чорабинӣ Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Гулзод Маҳкам Ҷумъа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшо Каримзода, сардори Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, кормандону омӯзгорони донишкада ва донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд: “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”. Ба таъкиди Сарвари давлат ҷавонон ояндасози давлату миллатанд ва ин воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.
«Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт», – гуфт Наврӯз Саидов.
Дар идомаи чорабинӣ Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ба сухан баромада, қайд кард, ки ҷавонони имрӯз бояд тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан шаванд, зеро Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
«Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд», – гуфт муовини ректор.
Сипас, Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, суханронӣ намуда, таъхкид кард, ки кишвари соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст, чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
«Воқеан, имрӯз ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, чун сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд», – гуфт Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор кормандону донишҷӯёни фаъол, истиқоматкунандагони хобгоҳ ва ғолибони мусобиқаҳои варзишии шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишкада Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири болидаруҳии иштирокдорону меҳмонон барномаи консертии иборат аз рақсу сурудҳои ҷаззобу дилошӯб пешниҳод намуданд.
Баъди интиҳои барномаи фарҳангӣ барои истиқоматкунандагони хобгоҳ аз номи як нафар соҳибкори ватандӯсти ватанӣ зиёфати идона ороста шуд.