Вазорати маориф: чопи китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣва бо ҷалби муаллифони соҳибтаҷриба аст. Волидайн: онҳо душворфаҳм ва пур аз хатоиҳои имлоианд

Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосии таъмини сифати таълиму тарбия ба ҳисоб меравад, ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба Истиқлоли миллӣ расидани кишвар дар баробари баррасию бартарафнамоии даҳҳо масъалаи ҳалталаби соҳаи маориф, нахуст, ба таҳияву нашри китобҳои дарсӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касби тваҷҷуҳи лозима зоҳир намуд.

Натиҷаи ин ғамхориҳо буд, ки дар як муддати кӯтоҳ насли нави китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти хусусияту арзишҳои миллӣ рӯйи чоп омад. Аммо бо вуҷуди ин хама музафариятҳои кариб се дахсолаи вазорат, мушкилотҳо ҳам ба назар мерасанд, аз ҷумла норасоии китобҳои дарсӣ, хатоиҳои имлоӣ ва душворфаҳмии забони китобҳои дарсӣ.

Маҳз бо мақсади баррасӣ намудани мавзӯи мазкур ва огоҳӣ пайдо намудан аз чораандешии Вазорати маориф сари ин масъалаҳо, мухбири мо сӯҳбат дошт бо Фариддуни Умарбек, мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаашро пешкашатон менамоем.

Масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои зеҳнӣ дар кишвари мо мавриди таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти олию сиёсии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Махз бо ҳамин мақсад дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ таъсис дода шудааст. Вазифаи асосии Маркази номбурда аз таҳия, таҳрир, чоп ва дастрасгардонии китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ба муассисаҳои таълимии мамлакат иборат мебошад.

Фариддуни Умарбек, мутахассиси пешбари Маркази таҳия нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм иброз дошт, ки дар соли 2020 ба Раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ 148 номгӯи китобҳои дарсӣ ба микдори 3 млн. 250 ҳазору 481 нусха, 65 номгӯи китобҳои бадеӣ ба миқдори 28 ҳазору 819  нусха, 25 номгӯи маводи таълимӣ (барномаи таълимӣ, журнали синф ва ғайра) ба миқдори 127 ҳазору 333 нусха, 22 номгӯи дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор ба миқдори 54 ҳазору 40 нусха таъмин карда шудааст. “Илова бар ин 83 номгӯи адабиёти таълимию бадеӣ ба миқдори 33 ҳазору 617 нусха ба таври ройгон ба шуъбаҳои маориф ва дигар муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст”, – гуфт ӯ.

Яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳое, ки бо мақсади амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дакиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” таҳия ва амалӣ гардонданаш ҳатмӣ мебошад, ин таъмини китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад Вобаста ба тадбирҳои мушаххаси рохандозинамуда, мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф Фариддуни Умарбек мегӯяд, “яке аз музаффариятҳои соҳаи маориф ҷалби муаллифони соҳибтаҷриба ва ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ ба ҳисоб меравад”, аммо бархе аз волидайн аз душворфаҳмии забони китобхои дарсӣ ва доштани хатоиҳои имлоӣ дар он шикоят менамоянд.

Фариддуни Умарбек мегӯяд, омили асосии рушди сифати таҳсилот дар ҳама давру замон ба хонандагон дастрас будани китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимии ба стандартҳои ҷаҳонии таълим мувофиқ гардонидашуда мебошад, ки Вазорати маориф баҳри таъмини китобҳои босифати замонавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи масулин дар 3 моҳи соли 2021 ба Раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ 146 номгӯи китоби дарсӣ ба микдори 602 ҳазору 684 нусха, 52 номгӯи китоби бадеӣ ба миқдори 804 ҳазор нусха, 57 номгӯи маводи таълимӣ ба микдори 6 ҳазору 521 нусха, 48 номгӯи дастурҳои методии “Роҳнамои омӯзгор” ба микдори 6 ҳазору 532 нусха таъмин карда шудааст. Илова бар ин, 15 номгӯи адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 7 ҳазору 321 нусха ба таври ройгон ба шуъбаҳои маориф ва дигар муассисаҳои таълимӣ ирсол гардидааст.

Бо вуҷуди оне, ки сол аз сол Вазорат ба самти таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ диққати хос равона намуда истодааст, мушкилӣ то ҳол мавҷуд мемонад, ки омили онро метавон дар зиёд гардидани аҳолии кишвар дид. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳар сол беш аз 60 ҳазор нафар зиёд мешавад. Танҳо дар соли таҳсили 2020 шумораи хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 63 ҳазору 898 нафар афзудааст, ки ин раванд хоҳу нохоҳ норасоии ҷойи нишаст ва китобу лавозимоти дигари хонишро ба сифати масъалаи ҳалталаб ба вуҷуд меорад.

 Манзура ШАРИПОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE