Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд

Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё дар давлати Кувайт бо Директори генералии Шурои олимпии Осиё Ҳусайн Ал Мусаллам ва Ноиби Президенти Шурои олимпии Осиё Тани Абдулраҳман Ал Куварӣ вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкории судманд ва тақвияти ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Шурои олимпии Осиё баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Шурои олимпии Осиё ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои ҳамешагӣ бобати рушди олимпӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён гардид.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE