Баргузории Конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ — омили муҳими ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ — омили муҳими ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатии марбут ба соҳа, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, соҳибкорон, коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш — таҳлил ва арзёбии вазъи кунунӣ, муайянсозии дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар конфронс самтҳои муҳими зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
• арзёбии дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ;
• нақшу мақоми соҳибкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ;
• таҳлили фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани он;
• баррасии сатҳи истифодаи соҳибкорон аз имтиёзу сабукиҳои мавҷуда;
• масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар бахшҳои афзалиятнок;
• дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзнок ва таъсири онҳо ба рушди соҳа;
• сатҳи муколамаи байнидавлатӣ ва бахши хусусӣ.
Масъулони соҳа ва иштирокчиён зимни суханрониҳо таъкид доштанд, ки рушди устувори соҳибкорӣ метавонад заминаи муҳиме барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гузорад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе