Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 22 сентябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Созишнома аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  Озан Севимлӣ ба имзо расонида шуд.

Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории иловагӣ 59,3 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 80 млн доллари амрикоӣ баробар буда, бо қисмҳои алоҳида баъд аз иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва мутаносибан ноил гардидан ба натиҷаҳои муайян, махсусан дар самти солимгардонии вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», қобилияти пардохтпазирии он, такмили идоракунӣ ва шаффофият дар ШСХК «Барқи Тоҷик» равона мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE