Душанбе: бунёди шаҳраки нави замонавӣ дар ҷои собиқ бозори “Ҷал – Ҷам”

Дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди собиқ бозори «Ҷал – Ҷам» ва биноҳои атрофи он шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад. Тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Ба иттилои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори «Ҷал – Ҷам» ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур иҷозат дода шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби «ҶСК Шаҳрофар» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE