Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад

Интизор меравад, ки соли 2026 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода шавад, иттилоъ медиҳад аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷараёни сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35-киловолтаи «Қозидеҳ» шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон 70 фоизи сохтмони зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ»  ба анҷом расида, корҳои боқимонда мутобиқи нақшаи тасдиқгардида идома доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2025 ба сохтмони ин зеристгоҳи барқӣ оғози расмӣ бахшида буданд.

Бунёди зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» дар самти таҳкими инфрасохтори энергетикии вилояти Бадахшон аҳамияти хосса дошта, ба баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.

Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки талафоти техникии неруи барқ коҳиш ёфта, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим  бо барқ беҳтар гардад.

АКС:  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE