Дар Душанбе оид ба нақши Парламент дар таҳкими истиқлоли давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

24 август дар шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Парламент дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конференсия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ зикр карданд, ки “дар таърихи ҳар халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешубҳа, санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Сӣ сол қабл — 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар иҷлосияи ғайринавбатии худ дар асоси Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ҳуқуқи халқҳои аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба худмуайянкунӣ, бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон намуда, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Бо қарори мазкур 9 сентябр ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид”.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ хотирнишон сохтанд, ки дар он давра кишвари соҳибистиқлоли ҷавони моро имтиҳонҳои басо сахту сангин дар пеш буд ва мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз ин имтиҳонҳо гузашта, бо ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои худ онро ҳифз намуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъди ба даст овардани истиқлол сар зад, оромии ҷомеа ва амнияти давлату халқро халалдор сохта, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ намуда, ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят вазнин расонид. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намуда, ба ваҳдати комили миллӣ ноил гардид.

Халқи қадршиноси тоҷик барои ин заҳматҳо ба Сарвари давлати худ унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро сазовор донист. Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи устувори созандагиву рушд қарор дорад, мардуми шарифи кишвар дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар бо қадамҳои устувор ба пеш мераванд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои ба даст овардан ва таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор басо муҳим аст. Зеро нахустин қадамҳо сӯи истиқлол маҳз дар парламенти кишвар гузошта шуда буданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода оид ба нақши парламенти кишвар дар таҳкими истиқлоли давлатӣ маърӯза карда, доир ба хизматҳои арзандаи мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ҳифзу нигоҳдошти истиқлоли давлатӣ, бахусус таҳкими заминаҳои ҳуқуқии он андешаҳои худро иброз намуд.

Дар ҷараёни кори конференсияи ҷумҳуриявӣ ходими давлатӣ, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум Қозидавлат Қоимдодов, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Ёрдамчии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров мулоҳизаронӣ намуданд.

 

Бояд гуфт, ки аз ҷониби иштирокдорони конференсияи ҷумҳуриявӣ вобаста ба омӯзиш, тарғибу ташвиқ ва гиромидошти истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE