Омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки ин конфронс санаи 29 майи соли 2025 оғоз гардида, то санаи 31 май идома меёбад. Тибқи иттилои ба даст омада, то имрӯз барои иштирок дар ин конфронс зиёда аз 1700 нафар сиёсатмадорон, коршиносон, олимон ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ сабти ном кардаанд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад. Албатта Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

Бояд гуфт, ки дар доираи конфронс иштирокдорон аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, аз нерӯгоҳҳои барқӣ ва аз табиати минтақаҳои нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE