Чор варзишгари тоҷик дар 20 гонаи беҳтарин варзишгарони ҷаҳон

Чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштин шомили 20 – гонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шуданд.

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин раддабандии бозбинишудаи беҳтаринҳои ҷаҳонро нашр кард, ки номи чор варзишгари тоҷик – Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов низ ба феҳристи 20 – гона ворид шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Мавқеи беҳтарро миёни паҳлавонони тоҷик Муҳаммад Икромов дорад. Ӯ дар раддабандии вазни 61кг-и гӯштини тарзи озод ҷои 12 -умро сазовор шудааст. Ҳикматулло Воҳидов дар ҷои 13 – уми вазни 57кг – и ҳамин равия ҷой дорад. Паҳлавони шинохтаи кишвар Искандари Рустам ҷои 17 – уми вазни 97 кг – ро гирифтааст. Дар равияи гӯштини юнонӣ -римӣ як нафар варзишгари мо – Ахмедов Мубинҷон ба 20 – гона ворид гардидааст. Ӯ дар ҷои 20 – уми вазни 63 кг ҷой гирифтааст

Ёдовар мешавем, ки ин ҳар чор варзишгари мо соли гузашта дар Чемпионати Осиё сазовори медал шуда буданд: Ҳикматулло Воҳидов, Муҳаммад Икромов медали нуқра, Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ. Муҳаммад Икромов, инчунин охири соли 2020 дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Белгради Сербия доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гашт..

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE