Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tbilisi Grand Slam»-2026, ки аз 20 то 22 марти соли 2026 дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба ин мусобиқа то ҳол 413 варзишгар (242 мард ва 171 зан) аз 55 давлати панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд: Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озаррахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE