КВД “Бозори Деҳқон”: бо ворид кардани маҳсулот ватани нархҳоро поён рафтанд

Ин шабу рӯз ҷиҳати фаровонӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти дохилӣ ба КВД “Бозори Деҳқон”-и шаҳри Душанбе ба миқдори 150 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар як рӯз ворид карда мешавад. Дар натиҷаи ин нарҳо дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, сокинон бо арзиши дастрас маҳсулоти ниёзи хешро харидорӣ намоянд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон ва таъмини эшон бо маҳсулоти кишоварзию аз лиҳози экологӣ тоза, роҳбарияти шаҳри Душанбе ҳамеша тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Дар партави ин иқдомҳои шаҳрдорӣ, масъулини Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Деҳқон” – и шаҳри Душанбе тасмим гирифтанд, ки анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинон намоянд.

Мастон Шарипов, муовини директори бозори мазкур дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҳамаи маҳсулоти пешниҳодшаванда қаблан аз хоҷагиҳои шаҳру навоҳии мамлакат оварда шудаанд ва нисбат ба дигар бозорҳои ҳудуди шаҳр арзонтаранд. “Барои мисол нархи 1 кг помидор, ки соле қабл аз кишварҳои хориҷӣ вориди бозор мешуду 20 – 26 сомониро ташкил медод, имсол бо даст додани шароити мусоид ин навъи сабзавоти ватанӣ вориди бозор шуда, аз 7 то 12 сомонӣ нарх дорад”, -гуфт ин масъули бозор.

Ҳоли ҳозир дар бозори “Деҳқон” бартариятҳои зиёде барои деҳқонону кишоварзон дода шудааст. Аз ҷумла, гӯшаи яклухтфурушӣ ташкил шудааст, ки дар он аз шаҳру навоҳии мамлакат деҳқонон дастранҷи худро оварда, пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе менамоянд. Ин аст, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ як андоза арзонтар шудааст ва сокинони пойтахт бемамониат аз он ҷо харидорӣ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки бозори “Деҳқон” яке аз марказҳои асосии таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзи дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Ҳамарӯза сокинони шаҳру навоҳии пойтахт маҳсулоти ниёзи хешро аз он ҷо ба таври фаровон харидорӣ менамоянд.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE