Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалии “Dzyudo Termiz Open 2024” соҳиби медали тилло гардид

Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо “Dzyudo Termiz Open 2024”, ки дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, дар вазни то 26 кг бо шикаст додани рақибони худ аз кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал гардида, медали тилло ба даст овард. Дар ин бора аз Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 800 нафар варзишгарони наврас аз кишварҳои Осиёву Аврупо иштирок доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE