То моҳи июн дар Тоҷикистон дар беш аз 182 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шудааст

 То 5 июн дар мамлакат дар 182 466 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 168 653 гектар пурра инкишоф ёфтааст. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи нақша, имсол дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар 186 883 гектар пунбадона кишт мешуд, ки то имрӯз беш аз 182 ҳазор гектар кишт шудаст. Аз ин қариб 50 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.

Ба тавсия олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ин давра ба ниҳолҳои пахта бояд нуриҳои минералӣ ва обмонӣ гузаронида шавад. Зеро риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ боиси ҳосили фаровон мегардад.

Пахта маҳсулоти асосии содиротии мамлакат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ, кишоварзони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE