Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Арманистон

4 майи 2021 бо ташаббуси ҷониби Арманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Ара Айвазян баргузор гардид.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард.

А.Айвазян аз раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон табодули афкор карда, ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки 18-19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE