Абдулло Раҳмонзода аз чорабиниҳои варзишию сайёҳии соли 2020 баргузоргардида гуфт

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз змни нишасти матбуотии худ бо доираи васеи хабарнигорон аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод натиҷагирӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масъулини бахши ҷавонон ва варзиши мамлакат зери сиёсати ҷавонпарваронаи сарвари давлат фаъолият намуда, дар ин давра як қатор чорабиниҳоро бо иштироки ҷавонон амалӣ сохтанд. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи мазкур гуфт, натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат буд, ки дар ин давра мақом ва нақши ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб боло рафт.

Зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли гузашта баҳри пешбурди ҳаёти солим бо иштироки беш аз 5 миллион сокини мамлакат чорабиниҳои варзишию омӯзишӣ баргузор гардид, ки ин иншондиҳанда нисбат ба соли 2019 14 ҳазору 952 чорабинӣ зиёдтар аст, гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода.

Ёдовар бояд шуд, ки айни замон дар мамлакат баҳри ҷалби ҷавонон ба рӯзгори солим 10 220 иншооти варзишӣ ба оммави васеъ хизматрасонӣ менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки оянда ҷавонон ҷисману руҳан ташаккул ёфта, дар рушду тараққии меҳани азизамон саҳми муассир гузоранд.

Бахтовари НУРИДДИН,

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE