Билол Иброҳим: ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур васеъ мегардад

Қисми даромади буҷети ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар соли 2020 96, 9% иҷро гардида, 142 141 000 сомонӣ даромадҳои андозиву ғайриандозӣ ба буҷети ноҳия ворид шуданд. Корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия бо назардошти сохтори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 336 млну 758 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, таъкид карда шуд дар нишасти матбуотии ин ноҳия имрӯз.

Раиси ноҳия Билол Иброҳим ҳамчунин таъкид дошт, ки 1886 гектар замин аз ҳисоби ноҳияи Рудакӣ ба ноҳияи Шоҳмансур шомил гардид, ки барои бештар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар солҳои оянда имкон фароҳам меояд.

Гуфта шуд, ки то ба имрӯз дар ин қисмати замин корҳои ободонӣ ва мумфарш гардонии роҳ идома дорад. Инчунин, марҳила ба марҳила ҳудуди мазкур ба талаботи шаҳрдорӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Шоистаи АҲМАД,

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE