Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Зимни ин сафар меҳмони олимақом муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафар дар «Кохи Борбад» барномаи бошукуҳи консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон ва дар Маркази ЭКСПО намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон баргузор гардида, ба хотири рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон ифтитоҳ ёфт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтирому самимияти хос меҳмони олиқадр — муҳтарам Шавкат Мирзиёевро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.