Дар Боғи Куруши Кабир “Кӯчаи сайёҳӣ” ташкил карда шуд

Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи Куруши Кабир “Кӯчаи сайёҳӣ” ташкил карда шуд. Ин иқдом бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ, муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар, ҳамчунин фароҳам овардани фазои фарҳангӣ ва фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки ташкили растаи сайёҳи дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 аз ҷониби ширкати “Ҳафт иқлим Барман”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкори бо  ширкати сайёҳии “Сайёҳати диёр” шурӯъ аз имрӯз то 11 декабри соли равон дар Боғи Куруши Кабир амалӣ мегардад.

Дар “Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир” баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ – чӯбкорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва дигар касбу ҳунарҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, меҳмонон метавонанд аз хӯрокҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, намоишҳои театрӣ, гӯшаҳои аксбардорӣ бо либосҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ баҳраманд шаванд.

Фаъолияти “Кӯчаи сайёҳии Куруши Кабир” ҳар рӯз аз соати 11:00 то 22:00 идома ёфта, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ аз соати 18:30 то 20:00 баргузор мегарданд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE